
Иҷораи муваққатии офисҳо барои самаранок идора кардани тиҷорати худ ба Шумо имконият медиҳад. Ҷойгиршавии бонуфузи бино, меъмории замонавӣ, банақшагирии хуби масоҳати ба иҷорагирифташуда, сифати баланди коркарди дохили бино, ҳамаи ин хусусиятҳои муҳими маҷмааи гурӯҳи А мебошад, ки бешубҳа «Душанбе Плаза» ба ин гурӯҳ шомил мебошад. Маҷмаа дараҷаи зарурии ҳаловатро таъмин намуда, ба фазои равонӣ ва қобилияти кории кормандон таъсири мусбӣ мерасонад, ки дар натиҷа самаранокии пешбурди тиҷорат низ баланд мегардад. Яке аз сифатҳои фарқкунандаи биноҳои ба иҷора додашавандаи мо ин усулҳои нави инженерӣ мебошад. Маҳз системаҳои баландсифати инженерӣ ҷараёни фаъолияти Маҷмаа, яъне сатҳи баланди ҳаловатро таъмин менамоянд. Ҳамаи инро Шумо метавонед аз Маҷмааи «Душанбе Плаза» дастрас намоед..
«Душанбе Плаза» барои ширкатҳое, ки барои расидан ба меъёрҳои баланди идоракунии фазои корӣ кӯшиш доранд, пешбинӣ шудааст. Барои ширкати бузургу муваффақ офиси замонавӣ яке аз қисмҳои муҳими имиҷ ва сиёсати корпоративӣ ба ҳисоб меравад.
|
Муфассал...
|